CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Визиты

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол - 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии Мусобиқоти футбол дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд.

Боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан

11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи музофоти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ наздики 400 гектарро ташкил дода, аз Майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, Майдони намоиши кишоварзии муосир ва Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.

Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, киштукори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лубиё, кунҷид ва ғайраҳо таҷриба гузаронида мешавад.

Мулоқот бо роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг

11 июн дар доираи сафари корӣ дар музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Чинро, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳм мегузоранд, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат бо роҳбари Ширкати “Чайна глобал” Хуанг Ҷийен Ронг масъалаи таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳар чи бештари сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳокима карда шуд.

Page 1 of 4

Address: аvenue Bukhoro-50|
Republic of Tajikistan|
Dushanbe|

E-mail:
Journal "Customs"
info.gumruk@yandex.ru

If you want to keep abreast of the news, subscribe to our e-newsletter: