ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
23
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз183
mod_vvisit_counterДирӯз7050
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта36744
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3360902

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Ошкор ва пешгирии қочоқи маснуоти заргарӣ

Чоп PDF

Санаи 17 майи соли 2018 аз тарафи кормандони Дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и Гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 4249 КВ02, ки ба шаҳрванд Д. М. тааллуқ дорад, 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки номбурда мехост ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.

Муфассал...

Татбиқи Қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия» дар амал

Чоп PDF

Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ва ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҳамоиш – семинаре дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшавандаи ҳамоиш-семинар намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, бо натиҷа аз санҷишҳои анҷомгирифтаи соҳавӣ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба мақсадноку пурсамар ва аз рӯи таъйинот истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷалб намуданд.

Муфассал...

Ҷаласаи Кумитаи Шӯрои роҳбарони ҳифзиҳуқуқии мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алмаато

Чоп PDF

Рӯзҳои 20-24 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Кумитаи Шӯрои роҳбарони ҳифзиҳуқуқии мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва муовини сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ, полковники хадамоти гумрук Мерафзунов Мерафзун иштирок намуданд.

Дар машварати мазкур масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳифзиҳуқуқии мақомоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ карда шуданд.

Муфассал...

Вохӯрии панҷуми минтақавӣ дар шаҳри Авазаи Ҷумҳурии Туркманистон

Чоп PDF

Рӯзҳои 23-24 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Авазаи Ҷумҳурии Туркманистон дар чаҳорчубаи Барномаи ҷаҳонии Идораи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи марказӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук вохӯрии панҷуми минтақавӣ оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Шерализода Хуршед, сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук Маҳкамова З. сарнозири Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, капитани хадамоти гумрук Ибрагимов Т., нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанб майори хадамоти гумрук Тағоев П., иштирок намуданд.

Муфассал...

Боздид аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва иштирок дар семинар - машварати кишоварзони вилояти Хатлон

Чоп PDF

2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои фаровони кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд

Меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои калонтарин минтақаи аграрии мамлакат вилояти Хатлон асосан ҳосили меваҳои хуштамъу сабзавоти гуногун, зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз фаровонии ҳосили неъматҳои моддӣ дарак медод.

Дар рафҳои намоишгоҳ намунаи беҳтарини сабзавот аз қабили пиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо - шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лиму, полезӣ-харбузаву тарбуз, зироатҳо - лубиё, нахуд, наск, зағер, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷав, ҷуворимакка ва меваҳои хушк, аз ҷумла зардолу, себ, чормағзи зеризаминӣ, писта, чормағз, олучаи куҳӣ, хуч, дулона, ноки хушк гузошта шуда буд.

Муфассал...

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон

Чоп PDF

Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом кӯчаву хиёбонҳои пойтахт -шаҳри Душанбе қабои идона дошт. Аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус, парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстии ду халқи ба ҳам бародар, шаҳри Душанберо оро медод.

Муфассал...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Чоп PDF

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Касри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро барои ташрифашон ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо омили муҳим ва мусбӣ дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН