ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
20
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6401
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта20167
mod_vvisit_counterДар ин моҳ93513
mod_vvisit_counterҲамарӯза3719151

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Таҷлили нахустсолгарди «Рӯзи соҳибкор»

Чоп PDF

Дар Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода бахшида ба таҷлили нахустсолгарди «Рӯзи соҳибкор» мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардид.

Ҳозиринро ба ин муносибат намояндагони Хадамоти гумрук табрик намуда қайд намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷомеъа эътибору обру ва қадру манзалати соҳибкорон баланд бардошта шудааст.

Муфассал...

Забони мо-ҷаҳони мо!

Чоп PDF

Имрӯз дар қиёс бо кишварҳои абарқудрат мо соҳиби забони давлатии худ ҳастем. Забоне, ки аз аҳди Сомон то пирӯзии Инқилоби Бухоро дар Шарқи Исломӣ забони давлатдорӣ, сиёсат, адабиёт, илму фарҳанг ва таълимот дар мактабу мадорис буду имрӯз дар даврони Истиқлолияти кишвари мо, тоҷикон, дубора ба мақоми давлатӣ расиду дар ҳама соҳаҳои гуногуни муносибатҳои дохиливу хориҷии кишварамон истифода мегардад.

Муфассал...

Суханронии Абдуфатоҳи Ғоиб дар парлумон: Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото ҳамроҳ шуд.

Чоп PDF

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид. Ин Конвенсияро 1 октябр дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб санади мазкурро дар назди вакилони Парлумони кишвар тавзеҳ дода гуфт, ки Конвенсияи мазкур 42 сол муқаддам - 18 майи соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон қабул гардидааст. Беш аз 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аъзои Конвенсияи Киото мебошанд. Аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук 26 июни соли 1999 дар Брюссел таҳрири нави Конвенсия маъқул дониста шуд.

Муфассал...

Суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Чоп PDF

29.09.2015 19:19, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулл, Хонумҳо ва ҷанобон,

Сарфарозам, ки ба табрикоту таҳниятҳои гарме, ки ба унвони ҷаноби Могенс Ликкетофт ба муносибати ба маснади пурмасъулияти Раиси Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуданаш садо доданд, ҳамроҳ мебошам.

Иҷлосияи ҷории Маҷмаи Умумӣ на танҳо барои андешаронӣ доир ба комёбиҳои Созмон дар тӯли таърихи ҳафтодсолаи он, балки барои таъкиди дигарбораи азми қатъии мо дар роҳи татбиқи орзую омоли мардумонамон ба хотири рушди осудаву устувор фурсати нодиреро фароҳам сохтааст.

Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар қарор дорад. Дар ин муддати таърихан кӯтоҳ Созмон ҷиҳати таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст.

Муфассал...

Изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи марказӣ ҷамъ омада, аз навори видеоии Изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеаҳои шаби 3 ва 4 сентябри соли 2015 аз ҷониби Назарзода Абдуҳалим Мирзо машҳур бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» ва ҳаммасалкаони ӯ сарзада буд, маълумоти пурратар пайдо намуданд.

Муфассал...

Вохӯрии Сарвари давлат бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Чоп PDF

Санаи 25 сентябри соли 2015 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандон, ки хизмати содиқона ва ҷонфидоӣ кардаанд, мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Муфассал...

Вохӯрии Хадамоти Федератсияи Русия бо роҳбарияти Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ миёни ҳайати роҳбарикунандаи Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия бо роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва Федератсияи Русияро директори Хадамоти

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН