ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
26
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4307
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34354
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3189850

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Кумаки Хадамоти гумрук ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат

Чоп PDF

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки дар он зиёда аз 300 нафар кӯдаки маъюб тарбия меёбад, кумак расонида шуд.

Муфассал...

Таърихи мақомоти гумруки Тоҷикистон

Чоп PDF

Мусаллам аст, ки пайдоиши гумруку ташаккулёбии фаъолияти гумрукиро ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ нисбат медиҳанд.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Миёна боиси фаъол гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқиятҳои гуногун равнақ мегирифт. Аҷдодони мо аз рӯи маҳали ҷойгиршавиашон чун пули пайвасткунандаи миёни кишварҳои Машриқзамин, аз қабили Ҳиндустону Чин ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ дониста мешуданд. Бевосита корвонҳои пур аз мол аз қаламрави Осиёи Марказӣ мегузаштанд.

Бесабаб нест, ки инкишоф ва равнақи савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардидаанд. Бори нахуст боҷу хироҷи сарҳади бо номи «боҷи дарвоза ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд.

Дар давраи давлатдории Сомониён, ки бо низоми хуби идоракунии давлатиаш маъруф буд, бо кишварҳои Аврупову араб, Туркия, Ҳиндустону Хитой робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор карда шуд. Тоҷирони ин давлатҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар ин давраҳо навъҳои мухталифи андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ карда шуданд.


Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз буд.

7 апрели соли 1987 Шӯъбаи оперативии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд.

Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд.

Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳайати шахсии он аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.

 

Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд, Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул шуданд.

 

 

 

 

22 январи соли 1992 бо таъсисёбии Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси хадамоти гумруки имрӯза гузошта шуд.

 

 

Ҷараёни барқароршавии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба шароити хеле мурраккабе рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти кишварро ташкилкунанда мусоидат намуд.

 

 

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мақомот, иншоотҳои гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук берун аз ҳудуди ҷумҳурии мо монданд. Ҳамагӣ як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мо мерос монда, зиёда аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.

Гумруки ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ садди роҳи гурӯҳои ҷинояткоре гардид, ки аз вазъияти номӯътадили сиёсӣ ва мақомоти фалаҷгардида истифода бурда, сарватҳои ҷумҳуриамонро бераҳмона ғорат менамуданд.

 

 

Кормандони гумрук ҳатто дар лаҳзаҳои душворе, ки оташи даргириҳо тамоми ҷоро фаро гирифта буд, ҷойҳои кории худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд. Ана дар ҳамин гуна шароитҳои вазнин анъанаҳои беҳтарини гумруки Тоҷикистон ба миён омад. Ва мо дар ҳақиқат ҳуқуқ дорем бо мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва фидокории гумрукчиёни аввалини худ, ки бо меҳнати софдилона садоқаташонро ба Ватан нишон дода, то охир ба ғояҳои шаҳрвандии Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол содиқ монданд, ифтихор намоем.

Хотираи неки ҳамкорон ва дӯстон Мавлон Олимов, Алмос Гадоев, Назирмад Гулматов, Рустамбек Ғаниев, Ғоиб Мирзоев, Шавкат Агаев, Алӣ Имомназаров ва Сергей Ситковский, ки вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, ҷони худро фидо кардаанд, то охир ва муддатҳои тӯлонӣ дар таърихи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёди кормандони он боқӣ мемонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин шуда дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ Кодекси гумрукӣ ва Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия ва ба нашр омода сохт. Вале бо сабабҳои маълуми ҷанги шаҳрвандӣ ин иқдом ҷомаи амал напӯшид. Бо вуҷуди ин, андаке дертар бошад ҳам, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ ҳамовозӣ ёфта, тасдиқ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии як қатор Конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия гардид, барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба шумор меравад.

Дар амал ҷорӣ гардидани Кодекси нав, яке аз омилҳои асосии инкишофи иқтисодиёти мамлакат гашта, барои пурра кардани буҷети кишвар, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозоргонӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ, аз ҷумла тиҷорати хурд ва миёна вобастагии қавӣ дорад.

Муфассал...

ФАРМОИШ – РАСПОРЯЖЕНИЕ

Чоп PDF

№_72-ф
«06» апрели соли 2007.

 

ФАРМОИШ – РАСПОРЯЖЕНИЕ

«Оид ба тасдиқи Низомнома дар
бораи «Талаботи тахассусӣ нисбати
кормандони мақомоти гумрук»

Бо мақсади ташкил намудани корҳо доир ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;-

1. Низомномаи замимагардида дар бораи «Талаботи тахассусӣ нисбати кормандони мақомоти гумрук», тасдиқ карда шавад.

2. Фармоиши мазкур ба маълумоти ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад.

3. Назорати иҷроиши фармоиши мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.

Муфассал...

Чоп PDF

Қоидаҳои
гузаронидани озмун барои қабул намудан ба
хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби ташкил ва шароитҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

2. Озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – озмун) бо мақсади таъмини баробарҳуқукии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба мансабҳои холӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

3. Озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли кушода барои шаҳрвандоне, ки ба талаботҳои тахассусӣ мувофиқат мекунанд, гузаронида мешавад.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН