ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
23
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз177
mod_vvisit_counterДирӯз7050
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта36738
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3360896

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Ҷамъбасти нимсолаи 2014

Чоп PDF

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 ба маблағи 2 891, 4 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 351,2 млн. доллар зиёд гардида 113,8%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 2 373,1 млн. доллар ба воридот ва 518,2 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 воридот 446,9 млн. доллар зиёд гардида 123,2%-ро ташкил додааст.

Муфассал...

Фаъолияти Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, шӯъбаҳо ва бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар давраи нимсолаи аввали соли 2014

Чоп PDF

Дар давраи нимсолаи аввали соли 2014 аз ҷониби Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, шӯъбаҳо ва бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар натиҷаи омӯзиши маълумотҳои мавҷӯда дар маҷмӯъ 530 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, пардохтҳои гумрукии иловагӣ бо назардошти баҳра ба маблағи 10 615 379 сомонӣ пурра ба буҷаи давлат ворид карда шуд.

Муфассал...

Фуруши ғайриқонунии ҳабҳои психотропӣ

Чоп PDF

28 июни соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони гумруки "Майдони ҳавоӣ" Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Ҷалолов Шералӣ Алиевич соли таваллудаш 1981 бо гумони даст доштан ба хариду фуруши маводҳои психотропии синтетикӣ боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ бошад аз номбурда 540 дона ҳабҳои (таблетка) маводи психотропии экстазии навъи "МДМА", ки вазни холисаш 162 граммро ташкил медиҳад ёфт ва мусодира карда шуд.

Муфассал...

Пешгирии қочоқи героин аз сарҳад

Чоп PDF

Дирӯз дар фурудгоҳи баналмиллалии шаҳри Хӯҷанди вилояти Сӯғд ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ, шаҳрванд Азизов Мунаввари 27 сола истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод, деҳаи ёл боздошт гардид. Ҳангоми муоинаи боғоҷи номбурда дар қабатҳои ҷузвдони чармӣ маводи сахттаъсири героин ёфт карда шуд.Тафтишоти пешакӣ дар ҷои

Муфассал...

СУЛҲИ ТОҶИК ҶОВИДОН ВА МУБОРАК БОД!

Чоп PDF

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими пешрафт ва инкишофи давлату давлатдории миллии тоҷикон аст. Маҳз ба ҳамин хотир ҳамасола 27-июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Сулҳи деринтизори тоҷикон дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Муфассал...

Ваҳдат- бузургтарин дастоварди миллат

Чоп PDF

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саҳми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини сардори Хадамоти гумрук Нуриддин Маҳмадов ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои олии таълимӣ, вазорату идораҳо баргузор гардид.

Муфассал...

Баррасии масъалаҳои гумрукӣ дар маҷлиси ТИФА

Чоп PDF

Аз 9 то 12 июни соли ҷорӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷлосияи навбатии Шӯрои ТИФА, «Созишномаи сиғавӣ байни Ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ» баргузор гардид, ки як паҳлӯи онро баррасии масъалаҳои гумрукӣ ташкил медод.

Вобаста ба ин Хадамоти гумруки кишварро Сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит Сайдалӣ Ҳомидов, Сардори шӯъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорату содирот Давлатов Азизулло ва Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Амиралӣ Додаров намояндагӣ доштанд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН