ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
20
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1531
mod_vvisit_counterДирӯз7090
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1531
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3556015

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд

Чоп PDF

30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи «амури сафед»-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.

Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» имконият фароҳам оварда шудааст.

Муфассал...

Ифтитоҳи Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Чоп PDF

31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми “ИКАО” - Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст.

Муфассал...

Ифтитоҳи биноҳои наву замонавии меҳмонхонаҳо дар Осоишгоҳи “Баҳористон”

Чоп PDF

Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.

Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум гардид, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо таёр карда мешавад.

Муфассал...

Иштирок дар оғози кишти пахта бо усули зерипардагӣ дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев

Чоп PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.

Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад.

Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки  феълан нашъунамои хуб дорад.

Муфассал...

Тақдими тӯҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои 150 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд

Чоп PDF

Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, ба фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат- Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Муфассал...

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Чоп PDF

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал...

Тадбирҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Чоп PDF

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура аз 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар ин ҷамъомад роҳбарияти Раёсати мазкур ва прокурори калони Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи шаҳри Душанбе Фарух Анварзода иштирок намуданд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН