ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
20
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1532
mod_vvisit_counterДирӯз7090
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1532
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3556016

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Мусобиқаи футболи хурд дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилӣ гузаронидани мусобиқаи варзишии даставӣ дар намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Хадамоти гумрук» байни воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Муфассал...

Наврӯзи оламшумул муборак

Чоп PDF

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Имрӯз 20-уми март дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Иди Наврӯз бо иштироки Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Нахуст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон кулли чамъомадагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр карданд:

Муфассал...

Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат иштирок намуданд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур, мавзӯҳои зерин дохил карда шуданд:

-истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) дар мақомоти гумрук;

- тадқиқи вақти иҷозат ва масъалаҳои гуногун.

Сардори Хадамати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Муфассал...

Мулоқоти Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Чоп PDF

14 - уми марти соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ намуданд.

Муфассал...

Вохӯрии Шерализода Хуршед бо котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон

Чоп PDF

Санаи 13 - уми марти соли 2018 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Хуршед бо котиби якум, коршиноси ҳуқуқии бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадризо Поксиришт баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд.

Муфассал...

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Чоп PDF

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба ин сафар аҳамияти калон медиҳем.

Мо натиҷаҳои онро бисёр мусбат ва самарабахш меҳисобем.

Ҷонибҳо як қатор ҳуҷчатҳои дуҷонибаи тақозои замонро, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи мутақобилаи моро мукаммалтар сохтанд, ба имзо расониданд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи мо дар сиғаи стратегӣ густариш дода шавад.

Соли равон ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бисту панҷ сол пур шуд.

Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд.

Бо такя ба ин таҷриба, мо ният дорем, ки минбаъд тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба манфиати мардумони ду кишвар ва умуман минтақа густариш диҳем.

Ба масъалаи таҳкими шарикии стратегии мамлакатҳоямон мо ҳамеша аҳамияти афзалиятнок медиҳем.

Муфассал...

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев

Чоп PDF

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардумони Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус қайд намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати муносибатҳои шарикӣ давоми 25 - соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноат намуда, имзои 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти таъмиқу густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои дуҷониба, маънидод карданд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН