ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
26
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4255
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34302
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3189798

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Тренинг дар мавзӯи таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳаракатҳои характери террористӣ ва экстремистӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади иҷрои Протоколи маҷлиси васеъи назди Сардори Хадамоти гумрук аз 22-декабри соли 2017 таҳти №9, мутобиқ ба Нақшаи гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва тайёрии ибтидоии кормандони Хадамоти гумрук, дар санаи 16 ва 17 январи соли ҷорӣ, тренинги машваратӣ дар самти «Таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳаракатҳои характери террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ дошта» дар Гумруки «Майдони ҳавои» -и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва Раёсати таъмини амнияти дохилӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар тренинги мазкур 31 нафар корманди Гумруки «Майдони ҳавои»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва 12 нафар корманди дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаободи»- РМГ дар шаҳри Турсунзода, иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур муовини аввали сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Базаров Х. ва сардори шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур Сафаров Ҷ. иштирок намуданд.

Мутобиқи Барномаи тренинги мазкур маърӯзаҳо аз ҷониби кормандон дар самтҳои зерин гузаронида шуданд. Аз ҷумла, сардори Донишкадаи такмили ихтисос, полковники хадамоти гумрук Шарифзода С. оид ба шарҳ ва тавзеҳи Пайёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар маърӯза кард.

Инчунин, сардори шуъбаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, полковники хадамоти гумрук Раҷабов Х. доир ба Хулосаномаи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабабҳо ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда ҳолатҳои қонуншиканӣ дар Гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и РМГ дар шаҳри Душанбе маълумоти пурра дод.

 

 

Муовини сардори Донишкада полковники хадамоти гумрук, Абдуллоев М. доир ба саҳми мақомоти гумрук дар муқовимат алайҳи экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм, омилҳо, зуҳурот, шомилшавии ҷавонон ва оқибатҳои ногувории он, шарҳ ва тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои иловагии таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймо” диққати махсус дода, аз ҷумла қайд кард, ки таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сарҳад надорад.

Вале новобаста аз ҳамин ин дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус гумрукчиён, барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ мубориза мебаранд.

Муовини Раёсати амнияти дохилӣ, подполковники хадамоти гумрук Ризвонзода С. ва Норбоев Ҳ. омилҳои коррупсионӣ ва дигар зӯҳуроти суистифода аз мансаби хизматӣ дар мақомоти гумрук.

Сардори кафедраи Донишкада подполковники хадамоти гумрук Маҳмадҷонов М. Муқовимат бо савдои одамон, омилҳо ва саҳми мақомоти гумрук дар пешгирии ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон.

Абдулоев М. Шарҳ ва тавзеҳи Фармони Президенти Чумҳурии Точикистон «Дар бораи чораҳои иловагии таъмини бехатари дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймо.

 

Мақсади баргузор намудани чунин чорабини ин дар сатҳи аввал шарҳу тавзеҳи Пайёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, шиносоӣ бо тарзу усулҳои муайян кардани дараҷаи эҳтимолияти хатарҳои муосири зикргардида, бо истинод ба қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилали ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, татбиқи амалии тавсияҳо оид ба тартиб ва хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба терроризму экстремизм (ифротгароӣ), савдои одамон, омилҳои коррупсионӣ ва чорабиниҳо барои пешгири намудани коррупсия дар мақомоти гумрук, иборат мебошад.

 

 

Мутобиқи Нақшаи гузаронидани курсҳои такмили ихтисос баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар дигар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ низ пешбини гардидааст.

Ҳамчунин, дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи ҳайати гурӯҳ ба шунавандагон дар самти таъмини амнияти миллӣ, сари вақт ва бо сифат хизмат расонидан ба мусофирон ва ҳалимона муошират намудан ба онҳо, риояи одоби касбии корманди мақомоти гумрук, даст назадан ба кирдорҳои характери коррупсионӣ дошта тавсияҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН