ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  232
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  696
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  415
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  243
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  627
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  602
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  661
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3436
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3194
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
21
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1244
mod_vvisit_counterДирӯз3125
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9192
mod_vvisit_counterДар ин моҳ86111
mod_vvisit_counterҲамарӯза2740642

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

РМГ “Хатлон” – соли 2017 барои ҳайати шахсӣ соли бобарор буд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон тибқи талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1729 аз 15-уми сентябри соли 2011 бо иштироки масъулини Раёсат ва намояндагони Васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оиди натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар соли 2018-ум баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони 19 Васоити ахбори омма иштирок намуда, доир ба фаъолият ва бурду бохти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2017-ум мубодилаи афкор намуданд.

 

 

Қайд гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Раёсат, ин ҷамъоварии босифати пардохтҳои гумрукӣ мебошад, ки бо сайъу кӯшиш ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2017-ум ба буҷаи Ҷумҳурӣ маблағи 207 318 930,96 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин иҷроиши нақшаи дарназардоштро 101,5 % таъмин намуда, нисбати соли 2016-ум ба маблағи 29 814 359 сомонӣ ё 16,7 % зиёд мебошад.

Дар самти фаъолияти ҳифзиҳуқуқӣ дар воҳидҳои тобеи Раёсат дар соли 2017-ум 389 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 4- адад ҳолати ҷиноят ва 385 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Нисбати ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар маҷмуъ дар соли 2017 нисбат ба соли 2016-ум 12 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёд ва маблағи ҷаримаҳо 29020 сомонӣ кам мебошад.

 

 

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 464 аз 12-уми апрели соли 1996 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар», низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, дар соли 2017 дар Раёсат 3 ҳолати ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар ошкор карда шуд.

Аз қочоқчиён ба миқдори 58,3 грамм афюн, 3,9 грамм ҳашиш, 3 килогараму 905 грамм маводи синтетикии метаамфетамин, инчунин 7500 ампула Диазепам ва ҳамзамон ба миқдори 1т 349 кг 470 грамм шираи камол мусодира карда шудааст.

Дар соли 2017-ум 3 ҳолати бозпас гардонидани молҳои пастсифат ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзии «харбуза» ба миқдори 18 тонна ва арзиши гумрукии 9 000 доллари амрикоӣ, чойи сиёҳ бо вазни 20 тоннаву 800 кг ва арзиши гумрукии 29 353 доллари амрикоӣ, инчунин гӯшти говмеш бо вазни 84 тонна ва арзиши гумрукии 99 180 доллари амрикоӣ.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ сардори Раёсат Рауфзода Х.И. қайд намуд, ки фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пайваста дар ҳамкории мутақобилан бо намояндагони Васоити ахбори омма ба роҳ монда шудааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН