ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
26
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4299
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34346
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3189842

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Қочоқи меваи хушк дар шаҳри Исфара ошкор гардид

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони РМГ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди деҳаи наздисарҳадии Гулистони шаҳри Исфара воситаҳои нақлиёти тамғаи «Камаз» рақами қайди давлатиашон 5710 КО02, 4069 КН02, таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.С. ва А.М. қарор доштанд, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур ба миқдори умумии 31 ҳазору 300 килограмм меваи хушки намуди зардолу мавҷуд будааст.

 

 

 

Моли мазкур ба шаҳрванд Р.Р. соли таваллудаш 1968 сокини ноҳияи Исфара ва дигарон тааллуқ дошта , пешаки бо шаҳрванд бо номи А. дар деҳаи Қизилбели вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон оиди ҳамлу нақл ва интиқоли ғайриқонунии мол маслиҳат намудааст.

Мувофиқи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моли боздоштшуда намуди меваи хушки зардолуи бобоии ғелонаки истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, арзиши умумии 31 ҳазору 300 килограмм меваи хушки зардолу дар маҷмӯъ 250 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН