ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
19
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1762
mod_vvisit_counterДирӯз5643
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18503
mod_vvisit_counterДар ин моҳ78694
mod_vvisit_counterҲамарӯза3365525

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои гумруки минтақаи Аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Рӯзҳои 12-13 - уми апрели соли 2018 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои гумруки минтақаи Аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони 34 кишвари дунё, аз ҷумла, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Шерализода Хуршед иштирок намуданд.

 

 

 

Дар ҷаласа масоили марбут ба ҷомеаи ҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, тиҷорати электронӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии сармоя, мутобиқ намудани системаҳои транзитии минтақаи Аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, беҳтар намудани тартиби идоракунӣ дар Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, васеъ намудани истифодаи забонҳои кории созмон, русӣ ва дигар забонҳо дар фаъолияти он, диққати махсус дода шуд.

 

 

Дар рафти ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи молиявӣ ва Кумитаи аудит, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, инчунин, маълумот дар бораи фаъолияти мақомотҳои минтақавии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, маркази алоқа барои кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (RILO), марказҳои таълимӣ, Маркази рушди институтсионалӣ ва марказҳои кинологӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, масъалаи марбут ба интихоботи номзадии Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, ки санаи 28 - 30 - юми июни соли 2018 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмони Умумиҷаҳонии гумрук дар шаҳри Брюссел доир мегардад, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН