ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
20
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6414
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта20180
mod_vvisit_counterДар ин моҳ93526
mod_vvisit_counterҲамарӯза3719163

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

СӮГВОРӢ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

15-уми апрели соли равон дар синни 80-солагӣ генерал-майори хадамоти гумрук Ҳасанов Кенҷа Ҳасанович аз олам чашм пӯшид. Роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони эшон ҳамдардӣ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамилро мехоҳанд. Кенҷа Ҳасанович ҳамеша дар қалбу ёдҳои мо зинда аст.

Ёдовар мешавем, ки шодравон Ҳасанов Кенҷа Ҳасанович 26-уми майи соли 1938 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1962 Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси ҳукуқшинос бомуваффақият хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ устод Кенҷа Ҳасанович дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият намуда, соҳиби иззату эҳтироми мардум гардидааст.

Хизматҳои Кенҷа Ҳасанович дар рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо назаррас мебошанд. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, муфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе, муфаттиши калон оид ба корҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи Кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб, муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди шаҳри Душанбе, муовини аввали раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дар баробари корҳои сиёсӣ ва роҳбарӣ, Кенҷа Ҳасанович корҳои илмии худро давом дода, соли 2012 рисолаи илмии худро дифоъ намуд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.

Ӯ ду монографияи илмӣ, чор китоби илмӣ-оммавӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ-методӣ чоп намудааст.

Ҳамчун аъзои комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду даври интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони халқ фаъолона иштирок намуда, бори дигар ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии худро нишон додааст.

Кенҷа Ҳасанович аз соли 1995 то соли 1998 ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар давоми фаъолияташ ба як қатор комёбиҳо ноил гаштааст. Аз ҷумла, якумин маротиба дар таърихи гумруки ҷумҳурӣ 100 тонна қочоқи пахта, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол шуда буд, бо роҳбарии бевоситаи ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд. Зиёда аз 40 тонна ашёи хоми алюминий, ки қаллобон мехостанд бо роҳи пинҳонӣ аз марзи Тоҷикистон ба берун бароранд, маҳз бо кордонӣ ва чолокии номбурда аз дасти қаллобон гирифта шуд.

Бо иқдоми Кенҷа Ҳасанович дар заминаи Раёсати маркази таълими Хадамоти гумрук, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук таъсис ёфт ва донишкада яке аз аввалинҳо шуда ба гирифтани литсензияи идораи аттестатсионии муассисаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди ҳуқуқи таълимӣ сазовор гардид.

Хизматҳои Кенҷа Ҳасанович дар соҳаҳои гуногун, алалхусус, дар мақомоти гумрук фаромӯшнашаванда аст ва ин ёди ӯро абадан дар хотираи наслҳои соҳибмаърифат сабт менамояд. Ёдаш ба хайр бод!

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

ШАРИКОН