ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Сентябрь 2018
20
Четверг
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня2035
mod_vvisit_counterYesterday6852
mod_vvisit_counterВчера22654
mod_vvisit_counterЭтот месяц96000
mod_vvisit_counterВсе3721638

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории гумрукиро тавсеа мебахшад

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории гумрукиро ба роҳ монда, тақвият мебахшанд. Дар ин росто, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ»-ро тасдиқ намуд. Санади мазкур, ки моҳи декабри соли 2017 дар шаҳри Абу-Дабӣ ба имзо расонида буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон барои тасдиқ ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардид.

Созишномаро дар Парлумони ҷумҳурӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадафи созишнома таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини баҳисобгирии амиқ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохт­ҳою хироҷҳо ҳангоми воридоту содироти молҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, пешгирии гардиши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мебошад. Инчунин самти дигари санади мазкур ҳамзамон ба мубодилаи иттилоот, табодули таҷриба байни мақомоти гумруки ду давлат ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ равона гардидааст.

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.

Партнёры