ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  232
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  696
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  413
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  243
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  625
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  601
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  660
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3436
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3193
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
21
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1110
mod_vvisit_counterДирӯз3125
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9058
mod_vvisit_counterДар ин моҳ85977
mod_vvisit_counterҲамарӯза2740508

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

Чоп PDF

Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани ду бағоҷи дастӣ бо гулҳо ба минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М. А. аз тарафи кормандони гумруки Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе намунаи гулҳо барои гузаронидани ташхис ба Раёсати фитосанитарии карантинӣ ва тухмии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Муфассал...

Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF

Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ оиди воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба минтақаи назоратии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди маҳалаи Чорбоғи шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Volkswagen” рақами қайди давлатииаш 46 46 СА 02 таҳти идораи ронанда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. А. соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

Чоп PDF

Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза бар зиди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар маҳалаи Чорбоғи шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” рақами қайди давлатиаш 87-26 КК 02 таҳти идораи ронанда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М. О. соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Қочоқи меваи хушк дар шаҳри Исфара ошкор гардид

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони РМГ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди деҳаи наздисарҳадии Гулистони шаҳри Исфара воситаҳои нақлиёти тамғаи «Камаз» рақами қайди давлатиашон 5710 КО02, 4069 КН02, таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.С. ва А.М. қарор доштанд, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур ба миқдори умумии 31 ҳазору 300 килограмм меваи хушки намуди зардолу мавҷуд будааст.

 

Муфассал...

Дорувории зиёди бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридотӣ ошкор гардид

Чоп PDF

Санаи 25 январи соли 2018 дар вақти пешбурди истеҳсолоти маълумоти фаврии ба дастомада, дар анбори ҶДММ «Достӣ», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар мансуб ба шаҳрванд С. К. соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Н.Қарабоев, бинои 102, ҳуҷраи 2, маводҳои дорувории гуногунтамға аз қабили ампулаи тамғаи «Ethason Dexamethasone» истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин 15 600 дона, малҳами тамғаи «Kanadex-N» истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Покистон-3 744 дона, малҳами тамғаи


Муфассал...

Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии тангаи дорои нумезматикӣ ва осорхонавӣ

Чоп PDF

Санаи 23-юми январи соли 2018 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри № 2956 самти Хуҷанд- Екатеринбург бағоҷи дастии шаҳрванд Р. П. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд. Зимни азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи варзишии рангаш сиёҳи мусофири мазкур оҳани ба мис монанди рангаш сурх бо навиштаҷоти «5 копеекъ» 1881 года С.П.Б», ки дар тарафи дуюми он «Медная российская монета 5 копеекъ» навишта шуда буд, дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад.

Муфассал...

Пешгирии боз як ҳолати интиқоли маводи тарфгарӣ дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, санаи 21-уми декабри соли 2017 ҳангоми гирифтани маълумоти оперативӣ бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи тарфгарӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Ҷек", рақами қайди давлатиаш 48-75 Т Т 05, корхонаи "Азиан Экспресс" таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Я. соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар назди бозори ҶДММ "Корвон"-и шаҳри Душанбе бо гумони интиқоли маводи тарфгарӣ боздошт карда шуда, барои азназаргузарони ба ҳавлии бинои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе оварда шуд.

Муфассал...

Боздошти 1 тоннаю 440 килограмм «Шираи камол» дар вилояти Хатлон

Чоп PDF

Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

Табиати афсункори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо насими диловезу муаттар ва гулу гиёҳҳои шифобахшу нотакрораш кайҳост писанди оламиён гардидааст. Мутассифона ашхосе ёфт мегарданд, ки ин ҳама зебоиҳоро нодида мегиранд ва ё бо чашми ҳасудона нигариставу ин сарвати бебаҳои кишварро мехоҳад берун аз марз интиқол бидиҳанд.

 

Муфассал...

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

Чоп PDF

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд Ғ.Ҷ. соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили ҷуздони ӯ ба миқдори 5 қутии картонӣ иборат аз 460 ададӣ  баробар ба миқдори умумии 1 ҳазору 944 капсулаҳои маводи гуногуни тафгарӣ дарёфт карда шуд, ки ба худи ӯ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводи тарфгариро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон аз мағозаи «Бишкек» харидори намудааст.

Муфассал...

Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 65 82 КК 02 таҳти идораи шаҳрванд П. К., барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашинаи мазкур ба миқдори 29 қутии картонӣ иборат аз 500 ададӣ капсулаҳо ба миқдори умумии 13 ҳазору 285 адад маводи гуногуни тафгарӣ дарёфт гардид.

Муфассал...

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, дар роҳи мошингарди ноҳияҳои Ҷаббор Расулов - Спитамен бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ, воситаҳои нақлиёти тамғаи «Зил» ва DAF рақми қайди далатиашон 2727СН02 ва 7412DO02 - ро барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Муфассал...

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

Чоп PDF

Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон-Қирғизистон, дар роҳи автомобилгарди самти «Конибодом-Хуҷанд», дар дидбонгоҳи БДА-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиётии тамғаи «БМВ-520» рақами қайди давлатиаш 07 77 КВ 02, таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Н., соли таваллудаш 1984 барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони нақлиёти мазкур ба миқдори 7 қуттича (блок), ки дар дохилашон 10 адад қуттичаҳои майдаи маводи тарфгарии намуди «Трения», як қуттича дорои 12 дона маводи тарфгарии намуди «Красная нечисть», 8 қуттича дорои 10 дона, ҷамъ 80 дона маводи тарфгарии намуди Петарды «Чёрная смерт», 2 қуттича (блок), ки дар дохилашон 20 донагӣ, ҷамъ 40 дона маводи тарфгарии намуди «Цай Ван Лэй», 10 қуттича дорои 12 донагӣ, ҷамъ 120 дона маводи тарфгарии намуди «Маленькая пчёлка», 1 қуттича дорои 72 донагӣ, намуди фейерверк «Соловей разбойник», 2 бастаи селофани дорои 4 донагӣ, ҷамъ 8 дона оташфаввора «Золотой песок» ва 4 адад оташфавораи намуди «Двоедрагуна»-и маводи тарфгарии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт карда шуд, ки ба шаҳрванд Ю.Н., тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводҳои тарфгариро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.

 

 

Муфассал...

Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳ. Ш. автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» рақами қайди давлатиаш 67 58 ВЕ 01-ро дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» ҷойгир намуда, пинҳонӣ аз дохили автомашина барои мизоҷон телефонҳои мобилии гаронарзишро гирифта дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.

Муфассал...

Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи “Зил” рақами қайди давлатиаш АБ 2087 РТ 02, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 5 ҳазор килограмм ангишти истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Р.Қ. соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз ҳудуди ноҳияи Ҷабор Расулов аз як шахсӣ ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидори намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

Муфассал...

ШАРИКОН