ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
19
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1818
mod_vvisit_counterДирӯз5643
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18559
mod_vvisit_counterДар ин моҳ78750
mod_vvisit_counterҲамарӯза3365581

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯрии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо Турсунзода Азим Ҳайдар

Чоп PDF

12 июли соли 2018 дар Хадамоти гумрук мулоқоти Ян Петер Олтерс Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ, инчунин, оид ба рафти амалишавии лоиҳаи «Ҳисобот оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ» табодули назар намуданд.

Муфассал...

Мубориза ба муқобили коррупсия вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад

Чоп PDF

Ҷиҳати таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи устувор гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионии тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст, вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсия Маҷидӣ Абдукарим Асрориён ва нозири калони Раёсати мазкур Бойзод Хушбахт Раҳмдил бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯриро муовини Сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазир бо ин падидаи номатлуб ва таъмини иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Муфассал...

Вохӯрӣ дар Хадамоти гумрук бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Чоп PDF

Санаи 3 майи соли 2018, дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии роҳбарияти гумрук ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук бо муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудаанд.

Муфассал...

Вохӯрии Турсунзода Азим Ҳайдар бо Клаудиу Ража Габаглиа Линс

Чоп PDF

8 майи соли 2018 муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Клаудиу Ража Габаглиа Линсро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқоти дӯстона, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Бразилияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муфассал...

Мулоқот бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир гардид.

Муфассал...

ШАРИКОН