ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
20
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1532
mod_vvisit_counterДирӯз7090
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1532
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3556016

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ

Гумрук барои воридоти маводи пастсифат мубориза мебарад

Чоп PDF

Хадамоти гумрук риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ҷиҳати пешгирии воридоти маводи озуқавории пастсифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз хориҷи кишвар, дар доираи салоҳияти худ мунтазам чораҳои дахлдор андешида истодааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 66-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии моли воридотӣ танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, фармасевтӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат мегирад.

Дар 11 моҳи соли 2017 ҳайати шахсии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба молу маҳсулоти ба саломатии инсон зараровари тариқи қочоқ воридшаванда ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемологии аҳолӣ амалиётҳои гумрукӣ гузаронида, воридоти ғайриқонунии молҳо ва маводи озуқавории пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузаштаро ошкор намудаанд.

Дар ин давра 2 ҳолати воридоти маводи озуқавории пастсифату мӯҳлати истифодабариаш гузашта (маҳсулоти қаннодӣ) ба миқдори умумӣ 12 395 кг ва маҳсулоти спиртӣ "арақ" ошкор карда шуд. Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 209 қ. 1, 294 қ.2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, барои баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Муфассал...

273 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои гумрукӣ

Чоп PDF

Мубориза алайҳи қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Дар ҳафт моҳи соли 2017 дар Раёсат ба миқдори умумии 239 адад қонуншиканиҳо ошкор карда шудаанд, ки аз ин 3 - ададашро парвандаҳои ҷиноӣ ташкил медиҳад. Аз парвандаҳои оғозгардида 208 - адад нисбати шахсони воқеӣ ва 28 адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Ба шахсони вайронкунандаи қоидаҳои гумрукӣ маблағи 273 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима гузоштаву ситонида шудааст. Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии бақайдгирифташуда нисбати ҳамин давраи соли 2016 - ум чор адад зиёд мебошад.

Муфассал...

Пешгирии ғайриқонунии молҳои зераксизӣ

Чоп PDF

Кормандони Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар зарфи 5 моҳи соли равон нисбати ғайриқонунӣ ворид намудани молҳои зераксизӣ ҳамагӣ 231 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро ошкор намуданд, ки аз рӯи ин ҳолатҳо 9 парвандаи ҷиноятӣ (5 адад парвандаи ҷиноятӣ оид ба воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав, 3 парвандаи ҷиноятӣ оид ба маҳсулоти сӯзишвории “бензин” ба миқдори умумӣ 127 ҳазору 640 литр ва 1 парванда доир ба 22 ҳазор қуттичаи сигарет) ва 222 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Муфассал...

Қонуншиканиҳо ошкор ва бартараф карда мешаванд

Чоп PDF

Дар давоми 5 моҳи соли 2017 ба кормандони воҳидҳои ҳифзиҳуқуқии Хадамоти гумрук муяссар гардид, ки 4 ҳолати воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилиро ба миқдори 855 адад ошкор ва ба қайд гирифта, нисбати қонунвайронкунандагон 1 парвандаи ҷиноятӣ ва 3 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки аз муқаррароти моддаи 435 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, якчанд ҳолатҳои дигар оид ба молҳои зераксизӣ ошкор карда шудаанд. Аз ҷумла, 309 килограмму 496 грамм маснуоти заргарӣ (тилло – 53 килограмму 387 грамм, нуқра - 174 килограмму 365 грамм, бижутерия – 81 килограмму 744 грамм), 2 миллиону 315 ҳазору 3 литр сӯзишвории дизелӣ, 2 адад воситаи нақлиёт ва ғайра.

Муфассал...

1 ҳазору 811 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар панҷ моҳ

Чоп PDF

Таҳлили фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки дар зарфи панҷ моҳи соли 2017 - ум – 1 ҳазору 811 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифта шуда, дар 43 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки 4 ҳолати он ба қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, 27 ҳолаташ ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 12 ҳолати дигари ҷиноятҳо марбут ба фаъолияти гумрукӣ мебошанд.

Муфассал...

ШАРИКОН