ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
26
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4342
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34389
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3189885

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Сафарҳои дохилӣ

Ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор

Чоп PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи васлу насби трактор, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус таъсис дода шудааст, қадами устувор ва оғози боварибахши тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

Дар ин корхона солона 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ки моҳи сентябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ин нишондод ба 1700 адад хоҳад расид. Ҳамзамон дар марҳилаи баъдӣ истеҳсоли солонаи ядак (прицеп) ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ 2600 ададро ташкил дода, шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд мегардад.

Айни замон дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ҳамзамон дар ин корхона барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби мутахассисони бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли тарактор ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо рафти васлу насби тракторҳо шинос шуда, санҷиши техникии аввалин тракторҳои дар ин корхонаи муштарак истеҳсолшударо назорат намуданд.

Муфассал...

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус

Чоп PDF

Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд.

Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ имконияти сайёҳии ин кишвар муаррифӣ карда мешавад.

Муфассал...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии Маҷмааи универсалии варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Ба ғайр аз Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” дар корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ инчунин 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз аввали сохтмон то имрӯз дар маҷмӯъ дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмааи муосири варзишӣ дар мавзеъи хеле дилфиреб, дар болои боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад.

Муфассал...

Бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ

Чоп PDF

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд.

Муфассал...

Боздид аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба мавзеи сабзу хуррам табдил дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.

Муфассал...

ШАРИКОН