ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
20
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1531
mod_vvisit_counterДирӯз7090
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1531
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3556015

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Нигориш

ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД

Чоп PDF

Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:
«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».
«Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
«Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем».


Ин суханони ҳидоятгари Пешвои миллатро ба назар гирифта, метавон андеша ронд, ки мо ҳамчун  табақаи зиёии кишвар ва давомдиҳандагони кори аҷдодони хирадмандамон оё медонем, то чӣ андоза тавонистаем  рисолати худро иҷро кунем, то чӣ андоза дар сарнавишти ояндаи  давлат ва миллат масъулияти шахсии хешро эҳсос намудаем. Ҳамин аст, ки чун мехонаму  мешунавам  чӣ миқдор ҷавонони тоҷик ба кишварҳои ҷангзадаи арабӣ рафта, бо созмонҳои  сияҳкори иртиҷоии ДОИШ ва монанди он пайвас-таанд, ё узвияти ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати исломро пазируфтаанд, худро гунаҳкор медонам. Чаро? Чунки ман ҳамчун як зиёӣ, як омӯзгор натавонистаам аз зеҳни ҳамдиёрам боварҳои иртиҷоии диниро берун кунам. Бояд аз худ пурсид: чӣ гуна шудааст, ки идеологҳои фарсахҳо аз кишвари мо дур, ба забону фарҳанги мо бегона, як ҷавони тоҷикро аз оғӯши модар, аз сарзамини падарон, аз байни мо ҷудо карда, ба вартаи ҳалокат, бенангиву бешарафӣ кашидааст. Ва барои посухи боварибахш ва қотеъ додан ба чунин пурсиш моро мебояд иқрор бишавем, ки рисолати худро ҳамчун зиёӣ ба тавре ки зарур асту бояд иҷро накардаем. Мо - зиёиёне, ки аҳли илм ва эҷод ҳастем ва асару мақолаҳо таълиф, барномаҳои радиову телевизионӣ таҳия  менамоем, филмҳову асарҳои саҳнавӣ меофарем, аз минбарҳо сухангустарӣ мекунем, ба таври басанда натавонистаем ба дили ҷавонон роҳ ёбем, суханони Пешвои миллатро дар мавриди муқаддасоти марзу бум, хештаншиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой диҳем. Зеро, хештаншиносии миллӣ, меҳри Ватан ин ҳамон масуниятест (иммунитет аст), ки ба сони сӯзандоруи пешгирикунандаи марази вогир намегузорад, ки бемории ватанфурӯшӣ пайкари ҷавононро рахна кунад.

Муфассал...

ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОН

Чоп PDF

Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

БОЗДОШТИ шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвии моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор корҳо намудаанд.

Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум, аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузорӣ намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ маҳз аз ҷониби ин кишвари бо ном «дӯст» анҷом шудааст.

Муфассал...

ДАСТГОҲИ ХУДСОХТИ ХУДКОРИ ХОҶАГОН

Чоп PDF

Дар Тоҷикистони азиз ҳанӯз аз замони соҳибистиқлолии кишвар ва марҳилаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дод омада, нафрати хешро ба он баён медоштанд. Бахусус ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикистон аз ҷониби пайравон ва аъзоёни наҳзат, ки бо супориши хоҷагони хориҷӣ амалӣ мегардид, боиси нафрати мардум ба ин тоифаи нохалафон буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос ва дарк мекард, ки паси ин ҳама нафрату найрангҳои наҳзатӣ манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ нуҳуфтааст. Иддае аз фарзандони гумроҳи миллат он замон хостгори барангехтани кинаву адовати милливу динӣ байни ҳамватанон гардида, аз худ доно, оқил ва олими ислом тарошида, мардумро рӯирост ба сӯи ҷаҳолату торикӣ ва яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ мекарданд.

Ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, мағзҳояшонро бо андешаву фатвоҳои беасоси худ пур карда, бо дасти онҳо ғаразҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Махсусан барои ҷалби ҷавонон, ки дар ҳама давру замон нерӯ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва қишри таҳрикбахшанда маҳсуб меёбанд, наҳзатиҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷавонони дониши кофӣ надошта, мушкилидошта ва ё руҳафтодаро бо сураву оятҳои ба хости худашон тарҷумаву мувофиқкарда ба сафҳои худ ҷалб менамуданд.

Муфассал...

ҲНИТ: аз моҷароҷӯйӣ то терроризм

Чоп PDF

Мақоли мардумӣ «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» маҳсули таҷрибаи ҳазорсолаи инсонист ва он талқин мекунад, ки пеш аз сар задани мусибату бадбахтӣ илоҷашро бояд ҷуст ва дуруст тасмимгирӣ кард. Мардуми тоҷик ва махсусан, қишри зиёиёни ватанӣ, ки аксаран, охири солҳои ҳаштод ва аввали навадуми асри гузашта ҳолати бетарафӣ ва бетафовутиро аз сар мегузарониданд, бар асари ноилоҷӣ ва ё ҷустӯҷӯ накардани илоҷ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданд. Маҳз дар ҳамон замон ба қавли мардумӣ амал мебоист карда ва «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ» мебоист дарёфт. Аммо, чуноне ки мушоҳида кардем, ҷомеа дар ҷустуҷӯйи илоҷ беҳавсалагӣ кард ва мушкил андар мушкил фарогири ҷомеа гардид. Давоми қисса медонем, ки ба чӣ анҷомид - ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, боиси ҳалоки зиёда аз 150 ҳазор нафар ва тахриби маданият ва иқтисоду иҷтимоиёт гардид. Мусибат ва бадбахтиҳое, ки сари мардум дар он солҳо мисоли сели борон рехт, қабл аз ҳама, ба фаъолияти риёкорона ва худпарастонаи ТТЭ ҲНИТ бастагӣ дошт.

ТТЭ ҲНИТ, ки дар вақташ ва ҳам имрӯз на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақа дардисарсоз буда ва ҳаст, ба унвони муҷрии асосии сенарияи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Сенариянависон ва барномасозони ТТЭ ҲНИТ барои нуфузманд шудани қишри рӯҳонияти наҳзатӣ дар минтақа сармоягузории хуб кардаанд ва ричагҳои иҷтимоиро ба дасти наҳзат вогузоштанд. Роҳи аз ҳама мусоид дар бозиҳои геоп

Муфассал...

ФИТНАИ НАҲЗАТ ВА МАЗОРИ ҒАРИБОН

Чоп PDF

Даҳаи охири асри 20, ки дар таърих бо номи даҳаи таҳаввулотҳо шинохта шудааст, қабл аз ҳама дар дохили империяи бузургу абарқудрати ҷаҳонӣ - СССР ин таҳаввулотҳо тавлид гардидаву ин қудрати оламро пароканда кард ва мисле, ки аз шиками он кишвар 15 ҷумҳурии мустақил чун тифли навзод дар картаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуданд.

Кишвари мову шумо низ дар ин росто баробари дигар давлатҳои иттифоқӣ истиқлолияти сиёсӣ ба даст овард ва молики парчаму нишону суруди миллию марзу буми муайян гардид. Рӯзҳои аввали парокандашавии СССР тамоми кишварҳои собиқ иттифоқчӣ барои рушди кишвари худ саъю талош намуданд. Иншоотҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ, канданиҳои азими маъдан, артиш ва техникаҳои ҳарбӣ, замин, об, сарватҳои табиӣ ва дигар сарватҳои табиию фарҳангӣ ва таърихияшонро моликияти миллӣ эълон намуданд.

Дар як муддати кӯтоҳ кишварҳое чун Туркманистон ва Қазоқистон бо сарчашмаҳои коркардшудаи нафту газ, Украинаву Белорусия бо ҳифзу роҳандозии корхонаҳои саноатӣ кишварро аз бунбасти вобастагӣ то қадри имкон берун намуда, системаи давлатдории ягона ва дастгоҳи идории кишварро созмон додаву иқтидор бахшиданд. Аммо на барои дигар кишварҳо ин имконият ва шароит фароҳам шуд. Махсусан барои Тоҷикистон, ки 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дошт.

Муфассал...

ШАРИКОН